News -

ОМОДАГИИ «МАРУСЯ» БА ҒАЛАБАҲОИ НАВ

Тими русиягии  Marussia F1 Team сарфи назар аз он, ки яке аз ронандагонаш (пилот) - Жюл Бянки дар ҳолати вазнин қарор дошт, барои дарёфти Гран-При ба талоши худ идома дод.

Барои пуштибонӣ аз ин тим QNet дар Маскав бо ширкати намояндагони расонаҳо “бизнес-наҳор”ташкил кард, ки дар он масъалаи асосӣ сармоягузорӣ ва пуштибонии кулл дар мадди назар ва маркази суҳбат қарор гирифт. 

11-12-уми  октябри соли 2014 дар Русия аввалин маротиба дар зарфи 100 соли охир Гран-Прии Русия дар роҳи парки олимпии Сочӣ баргузор шуд.

Аз Русия дар ин мусобиқа тими  Marussia F1 Team ширкат намуд.

5 - уми октябр дар охирин рӯзи Гран-Прии Ҷопон (Судзука), ронандаи дуввуми он Жюл Бянки дар 44-умин давр ба эвакуатор бархӯрд ва дар айни замон бо садамаи шадиди сар дар ҳоли вазнин дар бемористон қарор дорад. 

Ба ин садамаи мудҳиш шароити боду ҳаво ва мавҷуд набудани мошинҳои бехатарӣ, ки дар ин гуна ҳолатҳо басо заруранд, сабаб шуд.

Ба нишони эҳтиром ба Жюл Бянки дар пойгаи Сочӣ «Маруся» танҳо як  мошинро, ки Макс Чилтон меронсд, гузошт.

Британиёии ҷавон (писари миллионер Грэм Чилтон, ноиби президенти «Aon Corporation») қайд кард, ки тим ба ҳолати вазнин гирифтор шуд. 

Аммо вазъи баамаломада онҳоро водор кард, ки ба ҳам оянд.

Чилтон ба намояндагони Формула-1 барои пуштибонӣ аз Бянки изҳори ташаккур намуд ва кайфияти болои роҳҳои Сочиро ситоиш кард. Дигар ширкаткунандагони мусобиқа аз роҳҳои маҳкур ситоиш кардаанд.

Фернандо Алонсо (Scuderia Ferrari) гуфтааст, ки барои роҳи нав мавҷудияти пӯшиши хос хеле нодир аст. Ба ширкаткунадагони пойга инчунин он нукта мавриди писанд омада буд, ки теъдоди мухлисону ҳаводорони онҳо хеле зиёд, ҳудудан 65 000 нафар ба тамошо гирд омада буданд. 

Ба пуштибонии Marussia F1 Team сармоягузори қадимии он ва яке аз бузургтарин ҳолдингҳои Малайзия  QNet Limited омад.

Дар зинаи аввалин Гран-Прии Русия намояндаи ширкат Иоаҳим Штеффен як нишасти пӯшидаи матбуотӣ барои журналистони расонаҳои Русия доир намуд ва ҳамзамон чанд мусоҳиба низ дод.

Дар миёни онҳо мусоҳибаи густарда дар бораи пуштибонии сармоягузории  QNet барои «Комсомолка» ва дар бораи принсипҳои интихоби шарикони варзишӣ ба «Собеседник» буданд. Баъди мулоқот Штеффен бо дигар намояндагони ширкат ба самти Сочӣ равон шуданд. 

Ҷойи аввал дар Гран-Прии Русия насиби Люис Хэмилтон аз Mercedes, ки дар Ҷопон низ соҳиби ҷойи аввал шуда буд, гардид. Дар сегонаи пешсафон ҳамчунин  Нико Росберг (ин ҳам аз Mercedes) ва Валтерри Боттас (Williams) шомил шуданд.

Дар маҷмуъ пойга хеле ҳамвору суфта гузашт, ҳарчанд роҳи дурӯғин водор кард, ки варзишкорон арақ кунанд.

«Маруся» дар ин мусобиқа ҷойи охирро ишғол кард, зеро мушкилоти мошин Макс Хилтонро маҷбур кард дар даври 11 аз бозӣ хориҷ шавад. 

Дар зинаи амрикоии Гран-При, ки қарор аст аввали моҳи ноябри соли равон дар штати Техас баргузор шавад, «Марусия» қасд дорад ду ронандаашро вориди пойга кунад.


Source: http://tojnews.org/omodagii-marassia-ba-ghalabahoi-nav

Related links

Topics

  • Business enterprise, General

Categories

  • qnet
  • qnet tajikistan
  • qnet central asia
  • direct selling
  • network marketing
  • multilevel marketing
  • qnet reviews
  • marussia f1 team
  • marussia
  • formula 1
  • direct selling partner